«ҶОМИ ПОЯГУЗОРОНИ САМБО». Акмалиддин Каримов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардид

ТВТ.13.09.2022. Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми поягузорони самбо», ки 10-11 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни 58кг медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми поягузорони самбо» қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 11 нафар варзишгар ширкат кард.

Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ дар вазни -58кг, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишеви русиягиро мағлуб карда, сазовори медали тилло шуд.

Дар ҳисоби даставӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро гирифт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: