Дар Узбекистон Форуми минтақавии нозирони давлатии меҳнати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия доир мешавад

ТВТ.10.08.2022. 9-12 август дар Узбекистон нахустин Форуми минтақавии давлатии нозирони меҳнат, ки аз ҷониби Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ ташкил шудааст, баргузор мегардад. Дар форум 60 коршинос аз Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».

Нозироти давлатии меҳнат ҷузъи муҳими системаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ буда, вазифаи асосии истифода ва риояи самараноки қонунҳои меҳнатиро иҷро менамояд.

Шароити кори нозирон дар таъмини сифати умумии кори тафтишотӣ нақши калон мебозад. Тақрибан 175 сол боз нозирон дар саросари ҷаҳон барои беҳтар кардани шароити кор дар бисёр самтҳо кор мекунанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии форум таҳкими ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар таҳия ва татбиқи сиёсат дар соҳаи назорати давлатӣ ва соҳаи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш, самаранокӣ ва натиҷабахшии меҳнат ба василаи гузаронидани машварати омӯзишӣ ва табодули таҷриба мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои форум роҳҳои ягонаи воридкунии механизмҳои нави таъминсозии шароити меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, минҷумла рушд ва устуворгардонии иқтидори ҳуқуқӣ ва ташкилотии Нозирони меҳнати кишвари мо таҳия карда хоҳанд шуд.

Дар баробари ин форум ба ташаккули ҷомеаи нозирони меҳнати ҷавон, ки дар раванди ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон ва манфиатҳои корфармоён, инчунин таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва некӯаҳволии меҳнаткашон фаъолона иштирок мекунанд, мусоидат хоҳад кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: