Черногория рӯйхати кишварҳоеро, ки шаҳрвандонашон сар аз 7 август метавонанд сарҳади ин кишварро тавассути нақлиёти автомобилӣ убур кунанд, таҷдиди назар намуд. Тоҷикистон ба минтақаи «сабз» ворид карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Черногория иттилоъ нашр шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба УНН.
Зикр шудааст, ки аз 7 август интиқолоти байналмилалии автомобилӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ бо давлатҳо ва тавассути қаламрави давлатҳои зерини шомили рӯйхати «сабз» сурат мегирад:
давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо (Австрия, Белгия, Булғористон, Чехия, Дания, Эстония, Финляндия, Франсия, Гретсия, Нидерландия, Хорватия, Ирландия, Италия, Кипр, Латвия, Литва, Люксембург, Венгрия, Малта, Полша, Португалия, Руминия Словакия, Словения, Испания ва Шветсия);
инчунин Алҷазоир, Андорра, Озарбойҷон, Барбадос, Беларус, Бруней, Британияи Кабир, Фиҷи, Филиппин, Гурҷистон, Индонезия, Исландия, Ямайка, Япония, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Камбоҷа, Канада, Чин, Куба, Лихтенштейн, Мадагаскар, Малайзия, Марокаш, Маврикий, Муғулистон, Мозамбик, Никарагуа, Норвегия, Зеландияи Нав, Папуа-Новая Гвинея, Парагвай, Россия, Сенегал, Швейтсария, Тоҷикистон, Тайланд, Тринидад ва Тобаго, Тунис, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Украина, Уругвай, Ӯзбекистон, Ветнам, Замбия ва Зимбабве.
Тибқи қарори нави мақомоти Черногория, украинҳо метавонанд сарҳадро ҳам тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва ҳам тавассути мошинҳо убур кунанд. Илова бар ин, барои ба Черногория аз кишварҳои минтақаи «сабз» ворид шудан, санҷиши манфии тестии ПЦР барои коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд гузаронида шуда бошад, талаб карда намешавад.
АМИТ «Ховар»