Дар шаҳри Душанбе бо иштироки коршиносони сатҳи байналмилалӣ Форуми «Об ва кӯҳҳо барои рушди устувор» баргузор гардид.

ТВТ. 06.06.2022. 6-уми июн Дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии  сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» дар шаҳри Душанбе бо иштироки коршиносони  сатҳи байналмилалӣ  Форуми «Об ва кӯҳҳо барои рушди устувор» баргузор гардид.

         Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур таъкид гардид, ки   Тоҷикистон дорои баландтарин кӯҳҳою азимтарин пиряхҳо мебошад. Кӯҳҳои сарбафалаки барфпӯш ва пиряххои Тоҷикистон сарчашмаи асосии об ба ҳисоб мераванд.

         Дар форуми мазкур барои ҳифзу нигоҳдошти табиати кӯҳистон, пиряхҳо ва обҳои мусаффои нӯшокӣ дар заминаи имконияти табиӣ, ҳарчӣ бештар равнақ бахшидани иқтисди сабз таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар сатҳи кишварҳои аъзои Созмони Миллали Мутаҳид аз нақш ва мақоми устувору шоистаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлими сайёра шаҳодат медиҳад.

Муаллиф: Хуршедаи Наҷмиддин

Tags: