Ҷавонони Ҳисор ба «Шашмақом» ва «Фалак» таваҷҷуҳи зиёд доранд

Ташкили ансамбли «Шашмақом» ва «Фалак» дар назди Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови шаҳри Ҳисор ба афзудани таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба «Шашмақом» ва «Фалак» мусоидат намуд.
Ансамблҳои мазкур моҳҳои март-апрели соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳунари халқии «Шашмақом»-у «Фалак», ки қадимтарин ва нодиртарин шаклҳои санъати овозхонӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик эътироф шудаанд, ташкил гардида буданд.
Хисор-5Алҳол роҳбарии бадеии ансамблҳои мазкурро ҳунарманди ҷавон Хусрави Муҳиддин бар ӯҳда дорад ва шумораи ҷавонону наврасоне, ки ҳаваси аз худ кардани санъати мазкурро доранд, рӯз то рӯз меафзояд.
Ансамбли «Шашмақом» консерти ҳисоботии худро дар арафаи ҷашнгирии «Рӯзи Шашмақом», ки ҳар сол 12 май таҷлил мегардад, дар сатҳи баланд баргузор намуд. Ансамбли «Фалак» алҳол барои ҷашнгирии «Рӯзи Фалак», ки 10 октябр таҷлил мегардад, омодагӣ мебинад.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: