Гармтарин рӯзҳо то ҳафтаи дигар боқӣ хоҳанд монд

Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон давоми се-чор рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа хоҳад расид.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 3 то 6 июл дар  тамоми кишвар ҳавои соф пешгӯӣ шуда, баландтарин ҳарорат дар ин рӯзҳо  дар  минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст, ки  43 дараҷа  хоҳад шуд. Мизони поинтарин ҳарорат дар ВМКБ буда, интизор меравад то 33 дараҷа гарм шавад.
Дар Душанбе ва Суғд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво   то 41 дараҷа хоҳад расид .
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ,  чунин гармӣ аз меъёр 1-2 дараҷа зиёд ҳисобида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: