Ҷавондухтарони минтақаи Рашт ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб мешаванд

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Сангвори минтақаи Рашт бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ семинари омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии гузаштагон ва кам намудани сатҳи бекорӣ дар мамлакат мебошад.

Семинари  омӯзишии ҳунармандӣ  5 рӯз идома ёфта, ба иштирокчиён роҳҳои густариши ҳунармандӣ, ташаккули механизми омода намудани ҳунарҳои халқӣ ва рушди навъҳои гуногуни мероси мардумӣ дар ҷумҳурӣ омӯзонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: