«Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон 13 октябри соли 2017, соати 09:00, бахшида ба ҷашни Меҳргон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Cимпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории cимпозиум муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ҷанбаҳои илмию таърихии қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор-Меҳргону Садаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замонҳои дури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим буда, чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
АМИТ "Ховар"