Ҷалби довталабон — ҳадафи Рӯзи дарҳои кушод дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн

Аз 22 январ то 1 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози Рӯзи дарҳои кушод гузориш дода, қайд мекунад, ки дар асоси нақшаи кории комиссияи қабул барои соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади ҷалби довталабону ҳавасмандони соҳаҳои санъати тасвирӣ, ороишӣ-амалӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дизайн ин маросим бо намоиш додани корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён оғоз гардид.

Барои дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани донишкада аз ҷониби масъулон 30 нафар роҳбалад аз ҳисоби донишҷӯён омода гардидаанд. Ҳамчунин се толори аксу мусаввара ва маҳсули эҷоди донишҷӯёну устодон  манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар намоиши имрӯза хонандагон аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Намоиш ҳамарӯза аз соати 10.00 то 16.00 идома меёбад.

Тавре зимни суҳбат муовини декан оид ба таълиму тарбияи  факултети санъати тасвирии Донишкадаи мазкур Акрам Файзов иброз намуд, дар Рӯзи дарҳои кушод аз тамоми қишрҳои ҷомеа метавонанд иштирок намоянд.

Имрӯз дар ин маърака муҳассилин — хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар донишкада оид ба ҳар як ихтисос барои довталабон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, роҳбарони факултетҳо дар бораи ихтисосҳои мавҷуда маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд.

  

Ҳамчунин довталабон дар баробари шиносоӣ бо комёбиҳо боз аз синфхонаҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳҳо, марказҳои тестӣ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии Донишгоҳ дидан мекунанд.

Ба довталабон буклет, ки муаррифи ихтисосҳои он аст, тақдим мегардад.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Оиннома амал мекунад ва аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассис тайёр мекунад.

Дар Донишкада 3 факултет, 8 кафедра, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо фаъолият мекунанд. Аз ҷумла:

Факултети санъати тасвирӣ: кафедраи графика, санъатшиносӣ, мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ.

Факултети дизайн: кафедраи тарҳрезии бадеии либос, дизайн ва меъморӣ, технологияи иттилоотӣ ва иқтисод.

Факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ: шуъбаи тайёрӣ, маркази бачагонаи рассомӣ, бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо.

Мавриди зикр аст, ки дар Донишкада раванди таълим бо забони давлатӣ ва русӣ дар зинаи бакалавриат — шакли таҳсили рӯзона, фосилавӣ ва магистратура ба роҳ монда шудааст.

Устоди кафедраи забон ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи мазкур  Саиднуриддин Акобиров иброз намуд, ки гурӯҳи корӣ имсол Рӯзи дарҳои кушодро нисбат ба солҳои гузашта барвақттар оғоз намуд. Ҳамчунин устодони ин донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои дурдасти мамлакат барои муаррифӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ сафар намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: