Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. 

Бино ба  гузориши сомонаи  “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои  таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Дар  Намоишгоҳи умумиҷаҳонии  «ЭКСПО – 2017»  дар Остона, ки  3 моҳ қабл ба кор оғоз карда буд, беш аз 100 кишвари ҷаҳон  охирин дастовардҳои худро дар соҳаи “энергияи сабз” ё баргаштпазир дар маърази диди боздидкунандагон қарор доданд.

Дар  расми ифтитоҳи ин  намоишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Онҳо  дар ҳошияи саммити навбатии СҲШ аз ин намоишгоҳ боздид  ба амал оварданд.

Тавре мо қаблан хабар дода будем,  дар ҷараёни кори Намоишгоҳи умумиҷаҳонии  «ЭКСПО – 2017»  дар Остона беш аз 60 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои гуногуни олам аз павилйони  Тоҷикистон дидан карданд.

АМИТ "Ховар"