Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита: ҷамъбасти фаъолият дар нуҳмоҳаи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022

Имрӯз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раёсати кумита, роҳбарони сохторҳо, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, сармуҳаррирону мудирони шуъбаҳои шабакаҳои телевизион ва радио иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома дар маҷлис як масъала, фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи охири соли 2022 баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси Кумита Субҳиддин Шамсиддинзода доир ба  фаъолияти раёсату бахшҳои дастгоҳи марказии кумита ва шабакаҳои давлатии телевизионӣ  дар давраи нуҳ моҳи соли 2022 ҳисобот дода таъкид намуд, ки  дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ доир ба сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, Нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ  ва  ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саоатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ, дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, мубориза бар зидди терроризму экстремизми минтақавӣ ва  байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ,  рушди  соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи шоҳкориҳои фарҳангу санъати оламшумули тоҷик, ки дар   Феҳристи мероси фарҳангии моддию  ғайримоддии башарият ворид гардидаанд хабару гузоришҳо, лавҳаю роликҳо, барномаҳои таҳлилӣ ва филмҳои мустанаду бадеӣ  таҳия ва пешниҳоди тамошобинон  карда шуданд.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин маърӯзаҳои шахсони масъул оид ба фаъолияти шабакаҳои радиоӣ ва назорати техникии пахши барномаву гуфторҳои шабакаҳои телевизионию радиоӣ шунида шуд.

Ҷаласаро ҷамбаст намуда, Раиси Кумита ҳамчунин ба масъалаҳо марбут ба боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаву гуфторҳо, пайваста афзоиш додани иқтидори техникӣ ва бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин намудани шабакаҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Дар интиҳои ҷаласа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Tags: