Ҷаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи СААД

Шоми 26 март дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ба муносибати 25-солагии баимзорасии Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, 15-солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии ҳамкории хориҷии ҳайатҳои парламентии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва иштироки онҳо дар сессияи навбатии тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро мавриди баррасӣ карор доданд.
Дар ин замина қарорҳои дахлдори Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД қабул гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: