Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғафорзода ба кори худ оғоз бахшид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Ба иттилои номбурда, дар ҷаласа масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар ИДМ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда, густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои кишварҳои ИДМ, омода намудани хатсайрҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
АМИТ «Ховар»