Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тавре аз Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният ва субот дар ҳарду кишвар, мубориза ба муқобили терроризм-экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ карда мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии машваратӣ ҳайати коршиносони дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия таҳти сарварии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дирӯз ба Душанбе омада буд.
АМИТ "Ховар"