Дар ноҳияи Мастчоҳ озмуни «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмун-намоиш баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур дар доираи нақша- чорабиниҳои озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатии «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд.

Дар озмун шумораи зиёди ҳунармандон аз ҳафт ҷамоати ноҳия иштирок карда, маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд. Инчунин дар баробари ҳунармандони соҳибтаҷриба шогирдони онҳо-ҷавонписарон ва ҷавондухтарони соҳибзавқу моҳир бо маҳсули меҳнати худ, аз қабили гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, пазандагӣ ва ғайраҳо иштирок намуда, офаридаҳои худро ба маъраз гузоштанд.

Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории озмуни зерин, пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти занони моҳиру чирадаст, мусоидат намудан ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунармандӣ дар оилаҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеи мебошад.

АМИТ«Ховар»