Cеминари омӯзишӣ вобаста ба фаъолияти ниҳодҳои электронии баҳисобгирии аҳолӣ

20-21 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Матбааи давлатии Австрия семинари омӯзишӣ вобаста ба фаъолияти ниҳодҳои электронии баҳисобгирии аҳолӣ баргузор гардид. Дар кори нишаст намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва директори кулли Матбааи давлатии Австрия профессор Рейнхарт Густерер ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшиданд.
Иштироккунандагон оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои ба таври фаврӣ ва мукаммал дастрас кардани иттилооти мавриди ниёз ба шаҳрвандон, мақомоти гуногуни давлатию сохторҳои ҷамъиятӣ ва таъмин намудани хизматрасониҳои давлатӣ ибрози андеша карданд. Дар ин замина нақши ниҳодҳои электронӣ вобаста ба баҳисобгирии аҳолиро дар пешбурди Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ баланд арзёбӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: