11 ноябр сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба Давлати Кувайт оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуд. Валиаҳди Давлати Кувайт даъвати мазкурро пазируфта, таъкид намуд, ки дар замони муносиб аз кишвари дӯст боздид хоҳад кард.
Инчунин мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор шуд, ки дар он ҳолат, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни ду давлати дӯст баррасӣ гардиданд.
АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»