Чанд нафар корманди IRS зимни адои вазифаи хизматӣ зери тарма монданд

lavina.jpgНимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ӽафт нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Субӽи дирўз аз ашхоси бедаракшуда се нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда, шоми ҳамин рӯз нафари дигар наҷот ёфт. Мутаассифона, чанд лаӽза пеш ҷасади 3 нафар бедаракшудаи дигар аз ҷониби кормандони филиали Ширкат ёфт гардиданд. Марӽумон коргарони фаъолу бовиҷдони ширкати IRS буда, то лаҳзаи охирини ҳаёташон ҷиҳати дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани вазифаи хизматӣ ва бо маводи хӯрокӣ таъмин намудани нафарони аз банди тарма раӽошуда талош намуданд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти ширкати мазкур хабар дода, зикр карданд, ки аз марги кормандони худ андӯӽгин буда, ба пайвандони онҳо сабри ҷамил хоӽонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз низ шурӯъ аз субӽи содиқ, новобаста ба мушкилоту монеаӽои мавҷуда, кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро ҷиӽати рафъи тармаӽо вусъат бахшида, бе ист фаъолият доранд.
Ҳамватанонамон метавонанд оид ба ӽолати баамаломада ва ибтикороти ширкати IRS дар сомонаи филиали Ширкати мазкур ва воситаӽои ахбори омма ба таври муфассал маълумот пайдо намоянд.

Манба: АМИТ"ХОВАР"