Бунафша Файзиддинзода дар Амрико дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ба хотири дифои ҳуқуқу манфиатҳои занон иштирок намуд

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба мақоми зан таҳти унвони «Тезонидани раванди ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон тавассути ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ба дурнамои гендерӣ» иштирок намуд.  

Ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳамоишҳои вазирон, мубоҳисаҳои умумӣ ва муколамаҳои интерактивӣ суханронӣ намуда, аз боби дастоварду муваффақияти занону духтарони тоҷик, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Tags: