Шоми дирӯз бозии ҷавобии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди Филиппин баргузор гардид. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар қисми якуми вохӯрӣ ҳарду ҷониб лаҳзаҳои хатарнок ва партофтҳои головарро зиёд ба миён оварданд. Кушодани ҳисоб дар бозӣ ба ҳимоятгари мизбонон Мануэл Ҳерера Сапер муяссар шуд. Сипас дар дақиқаҳои иловагии нимаи якуми вохӯрӣ шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев голи ҷавобӣ заданд. Дмитрий Барков бо истифода аз партофти хуби Девид Мавутор натиҷаро баробар кард. Дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 69-ум ҳимоятгари бомаҳорати «Истиқлол» Артем Барановский бо гирифтани корти сурх аз идомаи бозӣ маҳрум шуд. Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба даври ниҳоии байниминтақавии мусобиқоти Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳхат гирифт. Имрӯз дар доираи ин давр дастаҳои «Бангалор»-и Ҳиндустон ва «25-уми апрел»-и Кореяи Шимолӣ байни ҳам бозӣ мекунанд. Дастае, ки дар ин бозӣ ғолиб омад, бо дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе вомехӯрад. Бояд зикр кард, ки дар вохӯрии аввали даври финалии минтақавӣ чанд тан аз футболбозони калидии дастаи «Истиқлол», аз ҷумла Дэвид Мавутор, Артем Барановский ва Амирбек Ҷурабоев бо сабаби аз бозии пешина гирифтани корти зард бозӣ карда наметавонанд.