Бозрасии давлатии автомобилӣ дар 3 рӯз беш аз 2 ҳазор ҳуқуқвайронкуниро ба қайд гирифт
Опубликовано чт, 25/01/2018 - 11:35 пользователем tvtҲафтаи сипаришуда кормандони Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як зумра корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд.