ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз ноогоҳӣ ва надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Муноқиша бо фоҷиа анҷомид

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷайҳун се нафар шаҳрвандони 35, 39 ва 25-солаи истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Панҷи деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур барои содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон шаби 31 декабри соли 2017 ҳангоми дар ҷамоати шаҳраки Дўстӣ, кўчаи К. Хуҷандӣ қарор доштанашон сокинони ҷамоати шаҳраки Панҷ, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Душанбе ва ду нафар сокини ноҳияи Вахшро лату кўб кардаанд. Дар натиҷа сокини 31-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ноуҳдабароии ронанда боиси марги ҷавон гардид

29 декабри соли сипаригардида ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», шаҳрванди 27-солаи деҳоти Варҷуди ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои «Панҷшер» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, истиқоматкунандаи кӯчаи н.Қарабоев, сокини 18-соларо пахш менамояд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона мефавтад.

Дуздии молу амвол аз дохили хона

Ба Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт марди 27-солаи сокини деҳаи Ниширёни ноҳияи Рашт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28 декабри соли 2017, шахсони номаълум ба таври  пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1 адад ноутбук, 1 адад планшет, 1 адад телевизор, ҷавоҳироти тиллоӣ ва молу амволи хонаро ба маблағи 3210 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар марди 27 ва 23-солаи сокинони деҳаи Ниширён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуданд.

Дуздии чорво аз замини хоҷагии деҳқонӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷайҳун марди 30-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки шаби 20 декабри соли 2017 аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш ба номи «Абдуқодир», шахсони номаълум пинҳонӣ 2 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 12000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 29 ва 37-сола, сокинони деҳаи Ҳилолии ноҳияи Ҷайҳунро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

АМИТ"ХОВАР"