Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Сарбанд бо буридани лентаи рамзӣ, бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии хусусии «Нигина»-ро ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ҳамакнун дар ин муассиса 150 нафар дӯстрӯякон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Барои тарбияи онҳо 15 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардиданд, ки дар навбати худ бо маоши мувофиқ таъмин ҳастанд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин Муассисаи томактабӣ аз моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, инак бо иштироки Пешвои миллат, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Фармоишгари иншоот соҳибкорзан Мадина Асадуллоева ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Собир-Сам» мебошанд.
Маблағи лоиҳавии иншоот 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва он ба таври дуошёна бунёд гардидааст.
Муассисаи томактабии хусусии «Нигина» дар маҷмӯъ аз 10 ҳуҷра иборат мебошад, ки аз ин 6 ҳуҷраи хоб ва боқӣ барои корҳои амалию варзишӣ ва дигар машғулиятҳо нигаронида шудаанд.
Дар ошёнаи аввали бино ошхона бо 150 ҷойи нишаст дар хизмати тарбиятгирандагон қарор дорад.
Ҳуҷраи тиббӣ барои кумакҳои аввалия ва толори маҷлисӣ бо ғунҷоиши 50 ҷойи нишаст ҳам вобаста ба завқу хоҳиши кӯдакон оро ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Сарбанд то ба имрӯз 3 адад чунин муассисаҳои томактабӣ фаъолият доштанд, ки дар онҳо 485 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани боз як муассисаи дигар, инак шумораи фарогирандагон бештар ва шароит ҳам хубтар шуд.
Муассисаи томактабии «Нигина» дар майдони 40 садяк бунёд гардида, атрофи он девор ва панҷарабандӣ гардидааст.
Сарвари давлат бо тамоми шароити муҳайёшуда дар ин Муассисаи нави томактабӣ шинос гардида, иқдоми муассиси онро бобати бунёди чунин як кӯдакистони зебову замонавӣ ва шароити хуби таълиму тарбия фароҳам овардан барои насли оянда намунаи ибрат хонд.