Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи муштараки узбекистонию чинии «UzXCMG» дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

ТВТ.04.06.2022 . 3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи муштараки узбекистонию чинии истеҳсоли мошинҳои соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи муштарак соли 2014 ифтитоҳ ёфта, дар ин ҷо асосан банду басти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои бунёду ба кор андохтани корхона аз Ширкати байналмилалии истеҳсоли техникаи вазнини чинӣ — «XCMG» ба маблағи 4,3 миллион доллар хати васлкунӣ ва таҷҳизот ворид гардид.

Дар корхонаи муштарак истеҳсоли зиёда аз 40 намуди техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки техникаҳои истеҳсоли корхона аллакай дар саросари Узбекистон дар кори сохтмону кишоварзӣ васеъ истифода мегарданд.

Технологияҳои каммасрафи корхона арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшавандаро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулотро баланд мебардоранд.

Аз нимаи дуюми соли 2019 истеҳсоли хатҳои нав — экскаваторҳо барои иҷрои ҳаҷми бузурги корҳо дар саноати кӯҳӣ, ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм- истеҳсоли мошинҳои боркаши иқтидори борбардориашон аз 60 то 120 тонна ва кранҳои борбардориашон аз 50 то 100 тонна ба роҳ монда шудааст.

Ба корхона таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла ҷузъҳои истеҳсолӣ, кафшери барқӣ, мошинҳои рангубор ва хушккунӣ ворид гардидаанд. Дар оянда истеҳсоли аккумуляторҳо, шиша барои кабина ва чароғҳои равшанидиҳанда низ ба роҳ монда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи муштарак Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барору комёбӣ орзу намуданд.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: