Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва бисёрсоҳаи Корпоратсияи Баракат аз наздик шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2016 хоҷагӣ 15 ҳазор тонна ангури хуштамъ истеҳсолу ба хориҷи мамлакат содирот кардааст. Дар ин хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат таёр намудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуданд. Аз майдони боғоти хоҷагӣ себҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба хориҷ содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам фоидаи зиёд ба даст меояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони пуртаҷрибаи Корпоратсияи Баракат барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд доданд ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карданд, ки ин боиси аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.