Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф овард.
Боздиди кории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо шукуҳи хоса ва самимияти беандоза оғоз ёфт. Мардуми сарбаланди ин диёри файзбор раҳнамои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ ва бо иҷрои муқарароти меҳмоннавозии сатҳи олии тоҷикона дар фурудгохи ноҳия истиқбол гирифтанд.