14 октябр бори аввал Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, 23 январ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуе мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими корҳои омодагӣ ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж табодули афкор намуданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои омодагӣ ба намоишгоҳ бояд гурӯҳи корӣ ҳар моҳ як бор ҷамъ шуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ намояд.
Тавре Ясмин Гуедар иброз дошт, «ин имконияти хубест, ки тавассути он тамоми зебоиҳои табиии ин давлат ва таърихи нотакрорашро ба мардуми Франсия нишон диҳем. Ман фикр мекунам, ки дар Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷикро бисёр меписанданд».
Ҳамчунин зимни мулоқот дигар масъалаҳо, мисли эълон намудани тендер барои интихоби ширкати ҳавопаймоӣ барои бурда расонидани нигораҳо ба Париж ва ширкате, ки бояд нигораҳоро борпеч намояд, инчунин масъалаи бехатарии нигораҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон нашри феҳристи намоишгоҳ бо забонҳои гуногун, ташкили барномаи фарҳангӣ дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ ва намоиши филмҳои тоҷикӣ ё наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2017 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода барои иштирок дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО ба Франсия сафар намуда буданд.
Зимни ин сафар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Франсия, инчунин роҳбарияти Осорхонаи Гимеи Париж доир шуд. Зимни он ба нақша гирифта шуд, ки дар Осорхонаи Гимеи Париж намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон доир гардад.
АМИТ «Ховар»