Бонки Эсхата бо мақсади рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии самти хоҷагии қишлоқ»-ро (ECTAP) ба тасвиб расонд, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин бора аз Бонки мазкур хабар доданд.
Лоиҳаи мазкур маблағгузории харидории таҷҳизот ва нақлиёти хоҷагии қишлоқро, ки аз ҷониби БАТР қабул карда шудааст, пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон имконияти гирифтани грант дар ҳаҷми 20% аз андозаи маблағи қарзӣ мавҷуд аст.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имконият доранд, ки барои рушди соҳаҳои тухмикорӣ, боғу токпарварӣ, рушди чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти шириву гӯштӣ маблағҳои қарзиро бо шартҳои муфид дастрас намоянд.
Алиҷон Сулаймонов, ҳамоҳангсоз оид ба рушди қарзҳои кишоварзии ин бонк иброз намуд, ки «айни ҳол лоиҳаи мазкур озмоишӣ буда, дар чор ноҳияи фарогирандаи Бонки Эсхата татбиқ мегардад. Мо умед дорем лоиҳаи мазкур натиҷаҳои хуб медиҳад ва ояндаи наздик мо онро дар тамоми низоми бонкӣ ҷорӣ мекунем».
Инчунин зикр гардид, ки барои дуруст ва бо сифати баланд ба роҳ мондани ҷараёни пешниҳоди қарз ба аҳолӣ ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳа дар ҳамаи филиалҳои Бонки Эсхата семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
АМИТ "Ховар"