Бонки Эсхата ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи лоиҳаи ECTAP маблағгузорӣ менамояд
Опубликовано чт, 20/04/2017 - 15:57 пользователем tvtБонки Эсхата бо мақсади рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии самти хоҷагии қишлоқ»-ро (ECTAP) ба тасвиб расонд, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин бора аз Бонки мазкур хабар доданд.