Давоми нуҳ моҳи соли равон мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ нисбат ба роҳбарияти 97 муассисаи стоматологӣ, 127 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳусн санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро 111 295 сомонӣ ҷарима кард. Инчунин фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ, 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.
Ҳамчунин аз тарафи шуъбаҳои воҳидҳои сохтории хадамот 132 227 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзондан нобуд гардиданд.
Дар ин бора аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тибқи иттилои масъулин, ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1031 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110814 адад аз муомилот гирифта шуданд. Аз ҷумла, 456 номгӯй доруи муҳлатгузашта, 523 номгӯй доруи бе сертификат ва 52 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда мусодира гардиданд.
Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 483 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар асоси санад аз муомилот гирифта шуданд. Ғайр аз ин, ҳангоми санҷиш аз нуқтаҳои савдо ва анбори маводи ороишию гигиенӣ низ 398 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат бозпас гирифта шуданд.
Мутахассисони шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда нисбат ба шахсони ҳуқуқию воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 372 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 996 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Барои бартараф сохтани камбудиҳо аз ҷониби шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ 366 амрнома дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо посух гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»