Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ минбаъд ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.
Тибқи қарори мазкур, ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи 1500 сомонӣ, дуюм бо маблағи 1000 сомонӣ, сеюм бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, ҳар кадоме бо маблағи 2000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади ҳавасмандиву дастгирии моддии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр, барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо 176500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо мегардад.
АМИТ «Ховар»