Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 соҳиби медали нуқра гардид

Варзишгари  навраси  тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон, ки дар  шаҳри Буэнос Айреси Аргентина ҷараён доранд, аз  намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати даставии омехта сазовори медали нуқра шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамдастаи Бежан дар рақобатҳои даставӣ варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер буд. Ин ҷуфт дар финал аз ҷуфти Кирил Киров (Булғористон)/Ванесса Сигер (Германия) бо ҳисоби 3:10 шикаст хӯрд. Ҷои сеюмро ҷуфти Дмитро Ҳонта (Украина)/Андреа Викториа Ибарра Миранда (Мексика) ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон, ки 7 октябр дар шаҳри  Буэнос Айреси Аргентина оғоз шуданд, 3 варзишгари Тоҷикистон иштирок доранд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ).

Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал гарданд. Дар ҳайати даставӣ 10 октябр Сулаймони Ҷамшед медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

 

Хотиррасон  менамоем, ки бозиҳо то 18 октябр идома меёбанд. То имрӯз дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи  мунтахаби  Россия бо 37 медал (22 тилло, 9 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст.

Дастаи мунтахаби Венгрия  бо 20 медал (12-5-3) дар зинаи дуюм, дастаи мунтахаби Япония бо 26 медал (9-6-9) дар зинаи сеюм қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, дар ин бозиҳо варзишгарони 72 давлат соҳиби медали олимпӣ гардидаанд.

АМИТ «Ховар»