«Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт, овони ҷавонӣ»-ҷамъомади варзишӣ-фарҳангӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи Соли ҷавонон бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯён барномаи варзишӣ- фарҳангӣ оғоз гардид.
Меҳмонон дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ ва мусобиқаи футбол байни донишҷӯён иштирок намуданд. Инчунин тибқи барнома барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон байни дастаҳои мактабҳои олии шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол ва намоиши ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, намоиши рассомон, меъморон ва суратгирон барои инъикоси мавзӯи «Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт, овони ҷавонӣ» дар назар дошта шудааст.
Пас аз нисфирӯзӣ вохӯрии меҳмонон бо донишҷӯён ва баромаду суҳбати озод, инчунин маросими супоридани дипломҳо, сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо ба ғолибони озмунҳое, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд, баргузор мегардад.

Tags: