Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса

13 октябр маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ ташриф оварданд.

Барои баргузории ин чорабинӣ макони он идона ороста шуда, парчамҳои ҳарду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта, дар макони ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Сипас сурудҳои милии ҳарду давлат садо дод. Баъди садо додани суруди миллӣ горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамзании мутантан гузашт.

Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса ба анҷом расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: