Баррасии роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

Роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон  фардо дар Душанбе зимни баргузории нишаст бо иштироки намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ матраҳ мегарданд.

Ҳамоиш дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон таҳти сарпарастии  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор мешавад.

Дар нишаст пешсафони соҳаи нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута вазъи кунунии соҳа ва роҳҳои рушди онро баррасӣ мекунанд. Зимни муаррифии фазои феълии истеҳсолот, тиҷорат ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ширкатҳои таҷрибадори соҳа, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон доир ба барномаҳои давлатӣ дар иртибот ба соҳа маълумот пешниҳод мекунанд.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: