Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Фардо ба санаи сарнавиштсозу муқаддас - истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, бисту панҷ сол пур мешавад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таърихӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.
Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд.
Мутаассифона, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвари тозаистиқлоли мо фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи Ҳизби наҳзати ислом гашта буданд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз панҷ сол идома ёфта, рушди Тоҷикистони тозаистиқлоли моро даҳсолаҳо боздошт ва ба иқтисодиёти кишвар зарари ниҳоят калон расонид.
Зарбаи аз ҳама даҳшатноки ҷанг ин буд, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрвандони мо, ятим мондани даҳҳо ҳазор кӯдакон, аз фарзанд маҳрум шудани ҳазорон модарон гардид ва беш аз як миллион нафар сокинони Тоҷикистон ҷойи зисти доимии худро тарк намуда, ба худ номи гурезаро гирифтанд.
Раванди ҳодисоти фоҷиабори он рӯзҳо нагузошт, ки мо мисли дигар давлатҳои меросбари давлати абарқудрат ҳаққи худро соҳибӣ намоем, иқтидори давлати ҷавони худро мустаҳкам гардонем ва барои муаррифии он дар арсаи ҷаҳон, ақаллан, рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлоламонро қабул кунем.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол як сол Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия надошт. Кор фақат ҷангу муноқиша ва тақсими вазифа буд.
Дар он айёми фоҷиабор беназмиву беқонунӣ ба ҳадде расида буд, ки Шӯрои Олии мамлакат, ҳамчун ягона мақоми қобили кор, натавонист иҷлосияи худро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор созад ва маҷбур гардид, ки бо ташаббуси гурӯҳи вакилон ҷаласаи худро дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват намояд.
Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми иҷлосия муайян кардани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол буд.
Зеро дар он вазъияти мураккаб дар ҷомеа андешаҳои ба ҳам мухолифе пайдо шуда буданд, ки онҳоро қувваҳои иртиҷоъпарасти дохиливу берунӣ пуштибонӣ мекарданд.
Баъд аз анҷоми кори ин иҷлосияи таърихӣ дар изҳороти худ иброз дошта будам: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад».
Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд ва мо тавонистем, ки ин ҳадафи пешгирифтаи худро амалӣ созем.
Аҳаммияти таърихии иҷлосия барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат ниҳоят калон аст. Ман дар суханрониҳои худ борҳо иброз доштаам, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои он ҳазорҳо нафар фарзандони миллати тоҷик ҷони худро нисор карданд ва халқи тоҷик дар ин раванд душвориҳои сахту сангини зиёдеро паси сар намуд.
Вобаста ба ин, борҳо гуфтаам ва имрӯз қотеона такрор месозам, ки қаҳрамони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ танҳо хурду бузурги халқи тоҷик аст.
Бинобар ин, дар ин рӯзи таърихӣ дар назди халқи қаҳрамони тоҷик бори дигар сари таъзим фуруд меорам.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд.
Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид.
Ин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард.
Бояд гуфт, ки дар Конститутсияи мамлакат риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон шуда, дар асоси таҷзияи ҳокимият тартиби ташкил, салоҳият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ танзим гардид.
Дар асоси Конститутсия парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис ёфта, ба яке аз шохаҳои муҳимми ҳокимияти давлатӣ мубаддал шуд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда бозиданд ва минбаъд низ ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ дар 25 сол 15 санади авф қабул шуда, муқаррароти онҳо ба зиёда аз 115 ҳазор нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва таҳти тафтиш қарордоштагон татбиқ гардиданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани давлатамон зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимият ба миён омада, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил карда шуданд ва ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ба ҳол идома дорад.
Дар даврони истиқлолият низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуданд.
Дар ин давра низоми муосири ҳокимияти судӣ таъсис дода шуда, ба сифати шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва се барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки татбиқи онҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории соҳа ва кафолати амалишавии меъёри конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун мусоидат кард.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту душвориҳои зиёд, мо ба ташкили сохторе, ки барои муҳофизати давлати навбунёдамон зарур буд, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ кардем.
Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои давлати мустақил мебошад, дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассос, ки ҳастии давлати тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, дар ҷойи холӣ, бе ягон пойгоҳи аввалия ва заминаи одитарини моддиву техникӣ ташкил карда шуд.
Дар ин раванд, ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис дода шуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан, дар айёми барои кишва-рамон хеле вазнин ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткоронаву кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллату давлати тоҷикон ва ҳифзи марзу буми Ватан фидокорона хизмат карданд.
Дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзандони содиқи Ватан – афсарону сарбозони далеру шуҷои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷони худро қурбон карданд, ки номи нек ва корномаи ҷавонмардонаи ҳар яки онҳо дар хотири мардуми кишвар то абад зинда хоҳад буд.
Бо истифода аз фурсат, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, ки барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, арзишҳои истиқлол, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ саҳми бузург гузоштанд ва ба падару модарон ва оилаҳои афсарону сарбозоне, ки дар ин роҳ ҷони худро аз даст доданд, сипос ва миннатдории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро иброз медорам.
Торафт мураккабу печида гардидани вазъи минтақа ва ҷаҳон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, сатҳи касбияташонро баланд бардоранд ва фаъолияти худро мунтазам тақвият бахшида, вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташударо содиқона адо намоянд.
Бо дарназардошти хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо намудаанд.
Аз ин лиҳоз, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат масъулияти дучанд бояд дошта бошанд. Таъкид месозам, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату Ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.
Бинобар ин, мо бори дигар изҳор медорем, ки ҷаҳони муосирро танҳо муборизаи якҷояи кишварҳо ба муқобили хатару таҳдидҳои асри нав бидуни сиёсати стандарти дугона наҷот медиҳад.
Ҳамватанони азиз!
Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид.
Масалан, дар зарфи солҳои 1992 -1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар паст гардида, буҷети давлатӣ ночиз ва хазинаи давлатӣ умуман бе захира монда буд.
Дар чунин шароит таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои фалаҷгардида, манзилҳои зист ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоргашта вазифаи фаврӣ ва аввалиндараҷа ҳисоб меёфт.
Ҷиҳати бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фаъолият даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намудем.
Дар ин раванд пули миллиро ба муомилот бароварда, низоми муосири молиявию бонкиро ташкил кардем ва ба узвияти аксари созмонҳои бонуфузи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ қабул гардидем.
Ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд.
Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд.
Дар даврони истиқлолият шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.
Дар давраи истиқлолият барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба як миллиону 300 ҳазор оила, яъне ба зиёда аз 7 миллион нафар шаҳрвандон 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.
Ҳол он, ки бо ин мақсад дар 70 соли даврони шӯравӣ ҳамагӣ 80 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд. Дар ин давра шароит ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, хароҷоти дуюмдараҷаи аҳолӣ низ торафт афзоиш пайдо кард.
Агар то замони истиқлолият дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳамаи воситаҳои нақлиёт 463 ҳазор, аз ҷумла мошинҳои сабукрав 50 ҳазор бошад, пас дар зарфи 25 соли истиқлолият ба кишвар танҳо мошинҳои сабукрав зиёда аз 600 ҳазор ворид шудаанд.
Агар дар соли 1991-ум шумораи истифодабарандагони алоқаи телефонӣ ҳамагӣ 214 ҳазорро ташкил дода, қисми зиёди онҳо муассисаву идораҳо бошанд, пас ин нишондиҳанда соли 2015-ум ба 11,2 миллион расида, 52 баробар афзоиш ёфтааст. Имрӯз шумораи муштариёни интернет зиёда аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунем ва ба хотири зина ба зина беҳтар намудани зиндагии мардумамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонем.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо дарназардошти имконияти воқеии молиявӣ, тадриҷан зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун мебошад.
Андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат дар мамлакат фақат дар даҳ соли охир 29 баробар ва музди миёнаи меҳнат қариб 28 баробар афзудааст.
Аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст.
Илова бар ин, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат дар кишвар маош ва нафақа давра ба давра ба ҳисоби миёна 15-20 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.
Солҳои аввали истиқлолият (1992-1995) музди меҳнат ва нафақа тамоман ночиз буд ва он ҳам сари вақт пардохта намешуд. Муаллимону табибон 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ 15-17 сомонӣ маош мегирифтанд. Имрӯз андозаи миёнаи маош дар мамлакат ба 880 сомонӣ расидааст.
Ҳамватанони азиз!
Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва таъминкунандаи пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳаммияти махсус медиҳад.
Дар 25 соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд.
Яъне агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 расидааст.
Танҳо соли ҷорӣ бунёди 14 корхонаи бузург бо таъсиси панҷуним ҳазор ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, як қисми онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд.
Қобили зикр аст, ки саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.
Танҳо дар самти коркарди пахта дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 ҳазор тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида шуд.
Дар шароити имрӯза давлат дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаи заминаҳои заруриро муҳайё намудааст.
Ноил гаштан ба ин мақсад бояд ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ дар солҳои оянда табдил ёбад.
Заминаҳои объективии амалӣ гардидани чунин ҳадафро афзоиши аҳолии мамлакат ҳамчун қувваи истеҳсолкунанда, ки дар он захираҳои меҳнатӣ беш аз 50 фоиз мебошанд, инчунин, мавҷудияти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хом барои рушди саноати металлургияи ранга ва сиёҳ, сӯзишворӣ, кимиё, масолеҳи сохтмон ва саноати сабуку хӯрокворӣ ташкил медиҳанд.
Коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ, бахусус, маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдан ва ба ин васила аз зинаи аграриву саноатӣ ба сатҳи индустриаливу аграрӣ баровардани иқтисодиёти мамлакат аз ҷумлаи самтҳои минбаъдаи рушди иқтисоди миллии мо мебошад.
Дар солҳои истиқлолият мо кӯшиш кардем, ки корхонаҳои саноатиро бештар ба манбаъҳои ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ наздик, яъне дар маҳалҳои деҳоти мамлакат ҷойгир кунем ва тавассути бунёди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти коммуникатсионӣ ва тайёр намудани мутахассисон ба рушди деҳоти кишвар ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бартарӣ диҳем.
Инчунин, бунёди иншооти энергетикиву нақлиётӣ, яъне нерӯгоҳҳои бузург ва миёнаву хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳо, роҳҳои замонавӣ ва нақбҳо, инфрасохтори иҷтимоӣ-мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои муосири тиббӣ ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳоро асосан дар минтақаву маҳалҳои дурдаст ба роҳ мондем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва коркарди ашёи хом татбиқ гардидани барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли аксари намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад.
Таҳлили ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки рушди назарраси он таъмин гардида, қариб се баробар зиёд шудааст.
Ҳукумати кишвар тавассути ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишоварзӣ барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи кишварзӣ шароит муҳайё намуд.
Илова бар ин, барои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти соҳа бо фармонҳои Президенти кишвар ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд ва ин иқдом имконият дод, ки талаботи аҳолӣ ба аксари маҳсулоти ниёзи аввал таъмин гардад.
Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори мамлакат то ба 360 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 241 ҳазор гектар ё се баробар зиёд буда, дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом саҳми арзишманд гузошт.
Вале хотирнишон месозам, ки мо дар ин ҷода ҳанӯз имкониятҳои зиёд дорем ва бояд бо истифода аз онҳо, аз ҷумла дар заминҳои ғайриобии доманакӯҳҳо майдони боғу токзорро беш аз ду баробар афзоиш диҳем.
Дар чоряк асри истиқлолият татбиқи чандин лоиҳаҳои дорои аҳаммияти миллӣ, бахусус, дар самти энергетика, нақлиёт, сохтмон ва дигар самтҳо оғоз гардида, фазои сармоягузории мамлакатро ба куллӣ дигаргун намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 миллиард сомонӣ (баробар ба 8,1 миллиард доллари амрикоӣ) сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ (баробар ба сеюним миллиард доллари амрикоӣ) сармоягузории мустақим ҷалб гардид, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ ва инфрасохтори дигар равона шудааст.
Дар натиҷа мо яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро дар дохили кишвар амалӣ кардем ва бо мақсади таъмини рафтуомади доимии сокинони минтақаҳои гуногуни кишварамон шоҳроҳу нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳои замонавиро сохта, ба истифода супоридем. Яъне қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем.
Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии беш аз 11,4 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе – Хатлон ва аввалин бор ба роҳ мондани робитаи пойтахти мамлакат бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо роҳи оҳани дохилӣ тавассути қатораҳои мусофиркашониву боркашонӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим дар ин самт мебошад.
Агар дар 70 соли замони гузашта дар Тоҷикистон 547 километр роҳҳои оҳан сохта шуда бошанд, пас дар зарфи солҳои истиқлолият, бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар ин давра доштем, 190 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода супоридем. Ва ин ниҳояти кор набуда, мо ният дорем, ки дар оянда боз якчанд лоиҳаҳои дигарро амалӣ намоем.
Ҳамзамон бо ин, дар ин давра ба мо муяссар гардид, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо ҷалби беш аз 36 миллиард сомонӣ оид ба истеҳсолу интиқоли барқ иншооти хурду бузурги муҳимро сохта, ба истифода диҳем.
Аз ҷумла дар замони истиқлолият низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Илова бар ин, дар оянда бо мақсади комилан ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ беш аз 30 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги истифоданашудаи гидроэнергетикӣ, яъне манбаи “энергияи сабз” ва вобаста ба ин рушди “иқтисоди сабз” буда, аз лиҳози истифодаи захираҳои нерӯи аз лиҳози экологӣ тоза ва барқароршаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Ба ҳама маълум аст, ки ягон кишвари дунё бе рушди энергетика тараққӣ карда наметавонад ва истифодаи ин захираҳо, хусусан, барои Тоҷикистон, ки соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии он дар мавсими тирамоҳу зимистон бо танқисии шадиди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд, амри зарурӣ ва ногузир аст.
Бо сабаби тағйирёбии иқлим, яъне торафт гарм шудани ҳавои сайёра, ки яке аз омилҳои асосии он афзоиши мунтазами партовҳои гази карбон ба атмосфера мебошад, ҳоло рушди “энергияи сабз” дар миқёси ҷаҳон ба масъалаи бисёр муҳимму мубрам табдил ёфтааст.
Бо дарназардошти чунин вазъ, инчунин, бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии кишварамон дар самти таъминот бо нерӯи барқ мо ният дорем, ки истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро дар ду - се соли наздик таъмин намоем.
Дӯстони азиз!
Тибқи стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлат дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалият ва самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмин кардани дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъати шуғли пурмаҳсул равона мегардад.
Зеро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар оянда низ ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии мо боқӣ мемонад.
Дар ин ҷода таҳкими рушди устувори иқтисодиёт, ки ба ҷалби сармоя асос меёбад ва бо дарназардошти рушди илм ва инноватсия ба анҷом расонидани саноатикунонии босуръат тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бояд амалӣ гардад.
Бо ин мақсад афзоиши босуръати соҳаҳои саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам оварда мешавад, ки осебпазирии иқтисоди миллии моро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш медиҳад.
Инчунин, ҷалбу истифодаи самараноки сармоягузориҳо, ки ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор нигаронида шудааст, бояд васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки мақсади асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад, амалӣ гардида, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расонида мешавад ва масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷиҳати афзоиши сармоя ба рушди нерӯи инсонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ҳамчун заминаи тараққиёти инноватсионии мамлакат ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Итминон дорам, ки иқдомоту чорабиниҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дарҷгардида ба пешрафти минбаъдаи мамлакат ва фароҳам сохтани шароити зиндагии сазовор барои ҳар як шаҳрванди кишвар мусоидат мекунанд.
Ҳамватанони азиз!
Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он, инчунин ҳифзи ин мероси бебаҳои ниёгон Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Ин қонун барои рушди забони давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард ва як рукни муҳимми давлатдории моро таҳким бахшид.
Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад.
Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон - чун шири модар муқаддас мебошад.
Дар даврони истиқлолият баробари баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ мо суннат ва анъанаҳои миллии худро эҳё намудем ва барои арҷи бештар гузоштан ба онҳо шароити зарурӣ фароҳам овардем.
Дар ин росто, бисёр расму ойинҳо ва анъанаҳои неки миллиамон зинда гардонида шуданд ва қисме аз онҳо мақоми давлатӣ гирифта, ба ҷашнҳои миллӣ табдил ёфтанд.
Ба шарофати истиқлолият мо, инчунин, дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузоштем.
Дар баробари ин, мероси тамаддуни ғайримоддии худро соҳибӣ кардем, санаҳои арзишманди фарҳангиву таърихии миллиамонро тавассути баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд таҷлил намудем ва садҳо номгӯй асарҳои илмиву оммавӣ ва осори бузургтарин чеҳраҳои адабу фарҳанги гузаштаву имрӯзаамонро чоп ва ба мутолиаи миллионҳо нафар хонандагон пешниҳод намудем.
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодии мо – Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз нав зинда гардид ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар ин давра тамоми суннату ойинҳои ин мероси ниёгон эҳё шуданд ва Наврӯз ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии мо мубаддал гардид.
Ба туфайли истиқлолияти давлатӣ мо пояҳои фарҳанги миллиамонро низ устувор намудем ва беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор кардем.
Мо забон ва фарҳангро ҳастии миллат эълон карда, дар тӯли чоряк аср ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудем.
Дар ин муддат дар бисёр шаҳру ноҳияҳо, маркази вилоятҳо ва пойтахти мамлакат даҳҳо театр ва қасру марказҳои наву муосири фарҳангӣ бунёд намудем ва аксари қасрҳои фарҳангӣ ва театрҳои мусиқиву драмавиро таҷдиду азнавсозӣ карда, ба хизмати халқамон қарор додем ва ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.
Мақоми давлатӣ гирифтани “Шашмақом” ва “Фалак”, инчунин, ҳамасола дар заминаи ин мероси пурғановати миллӣ доир кардани чорабиниҳои сатҳи баланд аз эҳтироми зиёди давлату Ҳукумат ба мероси миллӣ шаҳодат медиҳад.
Мо ҳамаи иқдомоти зикршударо ба хотири он амалӣ намудем, ки танҳо фарҳангу маърифати баланд, ҳимояи анъанаҳои миллӣ ва риояи арзишҳои неку созандаи фарҳанги миллӣ ба маънавиёти инсон таъсири мусбат мерасонанд ва ӯро ба сӯи дарки фалсафаи иҷтимоии одамият раҳнамоӣ мекунанд.
Умед дорам, ки мардуми мо анъанаву ойинҳо ва суннатҳои фарҳанги миллиро минбаъд низ ҳамчун рукни муҳимми муқаддасоти миллӣ ҳифз менамоянд ва барои арҷгузорӣ ва тақвияту густариши онҳо боз ҳам бештар талош меварзанд.
Мо, дар баробари инкишоф додани фарҳанги миллии худ, забон ва анъанаву дастовардҳои фарҳангии халқҳои пешрафтаи ҷаҳонро меомӯзем ва ба онҳо эҳтиром мегузорем.
Зеро хуб медонем, ки миллат ва ҷомеа метавонад бо ин роҳ мақоми шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин пайдо намояд.
Ҳамватанони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 - сола ташкил медиҳанд.
Бо дарназардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мо дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам овардем.
Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд.
Дар ин давра, инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат қабул гардид, ки татбиқи он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад.
Имрӯз шумораи ҷавонони то синни 35 – сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти наву замонавии варзишӣ, аз қабили варзишгоҳу толорҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд.
Дар натиҷа варзишгарони мо, ки аксари онҳо зодаи даврони истиқлол мебошанд, дар мусобиқоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шуда, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.
Дар бозиҳои олимпии ба наздикӣ дар Бразилия баргузоршуда Тоҷикистони мо дар байни 206 давлати дунё мақоми 54-умро ишғол кард ва варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолиб шуда, дар баробари соҳиби медали тилло шуданаш ба қатори сад варзишгари беҳтарини сайёра шомил гардид.
Мо дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонем ва минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки вазъи иҷтимову иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардонем ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созем.
Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд ва самимона дӯст доранд.
Дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ва рушди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ масъалаи мақому мартабаи зан мазмуни нав касб намуда, зимни ислоҳот ба нақши зан дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат эътибори ҷиддӣ дода шуд.
Бо дарназардошти он, ки занон беш аз 51 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҳоло иштироки онҳо дар фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият таъмин гардидааст.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 20 ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ доир ба масъалаҳои занон қабул карда шуд, ки онҳо барои занону бонувони мамлакат заминаи боз ҳам мусоиди фаъолияту зиндагиро фароҳам оварданд.
Ба хотири эҳтироми нақши занону бонувон, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмати модар ва дастгирии мавқеи занон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа эълон гардидани Рӯзи модар низ яке аз иқдомоти муҳимми Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҳоло аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4300 нафар ё беш аз 22 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон зиёда аз даҳ ҳазор нафар духтарони ноҳияву деҳоти дурдаст бо квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатамон саҳми фаъол гузошта истодаанд.
Дастгирии занону бонувон ва ғамхорӣ доир ба ҳалли масъалаҳои онҳо дар сиёсати иҷтимоии давлат минбаъд низ мақоми сазовор хоҳад дошт.
Зеро мо ҷонибдорӣ ва саҳми занону бонувони мамлакатро аз раванди сулҳ, сарҷамъии миллат ва барқарорсозии баъдиҷангӣ фаромӯш намекунем.
Занону бонувони кишвар ҳамчун қувваи фаъолу пешрафтаи ҷомеа дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат бо ифротгароиву хурофотпарастӣ нақши басо арзишманд доранд. Мо инро ҳангоми сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида мекунем.
Имрӯз 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 65 фоизи соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Занону бонувон дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат низ баробари мардон саҳми сазовор доранд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳаёти иҷтимоии кишвар дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва ҳалли масъалаҳои ин соҳа яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат буд.
Дар ин муддат ҳуҷҷатҳои барномавии зиёде қабул ва амалӣ гардиданд, ки барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим бозиданд.
Дар натиҷаи татбиқи ин барномаҳо сатҳи инкишофи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва шуғли аҳолӣ хеле боло рафт.
Истиқлолият, дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад.
Ворид гардидан ба ин давра дар назди роҳбарияти давлат иҷрои вазифаи басо муҳим, яъне ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илму маориф, ворид намудани технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои замони нав ва азнавсозии сохтори идораи соҳаи илму маорифро ба миён гузошт.
Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат ислоҳоти мақсадноки соҳаи маорифро оғоз намуд.
Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот навсозӣ шурӯъ шуда, барнома ва нақшаҳои таълимӣ нав гардиданд, воситаҳои таълим аз нав таҳия ва чоп шуда, бунёд ва таъмиру азнавсозии мактабҳо бомаром пеш рафт ва дар натиҷа сатҳу сифати таълим ба куллӣ тағйир ёфт.
Мехоҳам таъкид намоям, ки соҳаи маориф на танҳо қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа, балки нишондиҳандаи калидии рушди нерӯи инсонӣ ҳисоб меёбад.
Таҳсилоти баландсифат яке аз омилҳои асосиест, ки барои пешрафти устувори иқтисодиёт мавқеи ҳалкунанда дорад.
Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи обод ва давлати пешрафта дошта бошем, бояд бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо рушди соҳаи илму маорифро таъмин кунем.
Зеро танҳо миллати босаводу донишманд давлати худро пешрафта мегардонад.
Ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли солиму созанда ва ватандӯсту худшинос равона созем.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар зиёд карда шуд. Агар соли 2000-ум барои маориф ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2016 барои ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёда аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин давра зиёда аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардид.
Имрӯз дар кишвар 161 муассисаи типи нав, аз ҷумла 85 гимназия ва 65 литсей фаъолият дорад. Инчунин, дар ин давра 9 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар онҳо ҳамаи шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.
Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои соҳаи маорифи мамлакат мебошад. Агар соли 1991 дар мамлакат 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо шумораи умумии 70 000 нафар донишҷӯ фаъолият карда бошад, пас соли 2016 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 39 ва донишҷӯён ба 170 000 нафар расид.
Дарвоқеъ, маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумат ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфт ва дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон хизмати басо арзишманд намуда, дар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва шинохти рисолати таърихии халқи сарбаланди тоҷик дар зеҳни наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузошт.
Бовар дорам, ки аҳли маориф минбаъд низ ин рисолати инсонсози худро идома хоҳад бахшид. Истиқлолият барои инкишофи илм роҳи сифатан навро боз намуд ва барои навсозиву ислоҳоти бахшҳои мухталифи он заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин давра консепсияи сиёсати давлатӣ барои рушди минбаъдаи илму техника қабул гардида, низоми нави маблағгузории соҳа ҷорӣ карда шуд ва сохторҳои илмиву таҳқиқотии нав таъсис ёфта, мавзӯъҳои асоснок ва муосир, ки ба рушди иқтисоди миллӣ кумак мерасонанд, қабул гардиданд.
Мо хуб медонем, ки агар давлат ба рушди соҳаи илм, махсусан, илмҳои техникӣ ва технологияҳои муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накунад, ба пешравӣ ноил намегардад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат, махсусан олимон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодҳои онҳо васеъ истифода намуд.
Ман борҳо зикр кардаам ва имрӯз боз такрор менамоям, ки асри XXI асри рушди босуръати илму технология буда, аз худ кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ташаккули нерӯи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мебошад.
Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳоло рушди илмҳои дақиқ ва ҳарчи бештар дастгирӣ кардани ихтироъкориву навоварӣ, зарурати шадиди рӯз мебошад.
Чунонки таҷрибаи сад соли охир нишон медиҳад, танҳо кишварҳое рушду тараққӣ кардаанд, ки илм ва дар навбати аввал илмҳои дақиқро тараққӣ дода, ба ихтироъкорӣ ва истеҳсоли техникаву технологияҳо роҳи васеъ кушодаанд. Олимони мо низ то имрӯз дар ин самт корҳои судмандеро анҷом додаанд. Вале зарур аст, ки кор доир ба рушди илмҳои дақиқ ва ихтироъкорӣ боз ҳам густариш дода шавад.
Ҳукумати мамлакат бояд ба масъалаи дастгирии фаъолияти олимону ихтироъкорон ва пешрафти бахшҳои инноватсионӣ эътибори аввалиндараҷа дода, дар сурати зарурат сохторҳои нави илмӣ таъсис диҳад ва махсусан, ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавону навовар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намояд.
Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки дарки воқеияти имрӯз, яъне шинохти манфиатҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳимояи Ватан, хизмати содиқона барои рушду ободии кишвар талаботро нисбат ба донишмандон даҳчанд баланд карда, дар айни замон мақому манзалати онҳоро боз ҳам болотар мебардорад.
Мо тибқи анъанаи ниёгон ҳар сол дар арафаи ҷашни наврӯз бо зиёиён мулоқот мекунем ва андешаҳои онҳоро барои пешрафти маънавиёти ҷомеа ҳамеша ба инобат мегирем.
Зеро зиёиён чароғи дониш ва захираи тиллоии миллат мебошанд ва сатҳи саводу маърифатнокии ҷомеа аз онҳо вобаста аст. Зиёиёну донишмандон бояд хуб донанд, ки дар тӯли таърих, пеш аз ҳама, аҳли донишу зиё дар орзу ва талоши истиқлолият будаанд.
Бинобар ин, дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи истиқлолияти Ватан, асолат ва ҳувияти миллӣ, ҳимояи сарвати маънавии халқи бостониамон, дар навбати аввал, вазифа ва рисолати онҳост.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти он, ки миллати солим асоси ҷомеаи солим мебошад, дар сохтори тандурустии мамлакат низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифтанд.
Ҳукумати кишвар тандурустии аҳолиро сарвати миллӣ эълон карда, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат бунёд ва таъмиру азнавсозии зиёда аз 1000 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаву марказҳои тиббӣ, марказҳои ташхису табобат ва дармонгоҳу осоишгоҳҳоро анҷом дода, онҳоро бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин гардонид.
Бо мақсади рафъи яке аз мушкилоти соҳа - нарасидани кадрҳо, хусусан, дар деҳоти дурдасти кишвар соли ҷорӣ мо Донишгоҳи тиббии вилояти Хатлонро таъсис додем ва ҳоло корро доир ба васеъ гардонидани имкониятҳои Донишгохи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино босуръат идома дода истодаем.
Дар ин давра маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз 960 ҳазор сомонии соли 1991 ба 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ дар соли 2016 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,3 фоиз ва нисбат ба ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 7,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф карда шуданд.
Тибқи таҳлилҳо ҳоло барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо 80 фоиз кам шудааст. Баръакс, имрӯз садҳо нафар табибони баландихтисоси мо дар беҳтарин марказҳои тиббии мамолики гуногуни ҷаҳон муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Бо вуҷуди корҳои то ба имрӯз амалигардида, зарур аст, ки барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳа, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ раванди ислоҳот густариш бахшида, дар ин самт ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумат танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва касбомӯзии шаҳрвандонро таҳти назорати доимӣ қарор дод, зеро ин масъала ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ вазъи бозори меҳнат мунтазам беҳтар гардид.
Дар ин давра дар асоси Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар мамлакат барои қариб як миллион нафар сокинон ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд, ки ҳоло 30 фоизи онҳоро занон ташкил мекунанд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат қариб 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Мо ин корро минбаъд низ идома медиҳем ва барои касбомӯзиву бо шуғл таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҳамаи имконияҳо истифода мекунем, яъне муҳайё кардани ҷойҳои корӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.
Дӯстони азиз!
Аз рӯзҳои аввали эълон кардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо ҳайсияти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ вориди саҳнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Зимнан, дар назди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ҳадафҳои бузурге қарор доштанд, ки ҷиҳати расидан ба онҳо андешидани чораҳои муассир барои пешбурди сиёсати мукаммалу мутавозини хориҷӣ зарур буд.
Дар тӯли 25 сол мо равобиту ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, пайгирона густариш додем.
Дар ин роҳ сиёсати хориҷии кишвар ҳамчун рукни таркибии давлатдории мо дар самти татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои дар наздаш гузошташуда таҷрибаи арзишманде андӯхт.
Назарияи муосир ва ғояҳои консептуалии сиёсати хориҷии давлати тозабунёди Тоҷикистон ҳанӯз 28 декабри соли 1993 дар сатҳи олӣ аз минбари иҷлосияи 18-уми парламенти кишвар эълон гардиданд, ки бо мурури замон муҳтавои асосии аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии соли 2002 қабулкардаи моро ташкил доданд.
Раванди татбиқи амалии сиёсати “дарҳои кушода”, ки пас аз тасдиқи консепсияи зикршуда оғоз ёфт, дурустии стратегияи интихобкардаи моро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод.
Тайи ин марҳала меҳвари сиёсати хориҷии мо аз ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолу амнияти мамлакат ва таъмини рушди устувори он иборат буд, ки имрӯз ҳам аз вазифаҳои умдаи давлат ба шумор мераванд.
Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад.
Дар ин росто, талошҳои пайвастаи мо барои таъмину таҳкими сулҳу субот дар ҳамаи сатҳҳо - миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ - низ мавриди зикр аст. Маҳз самараи чунин сиёсат буд, ки чандин ташаббуси муҳимми кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтанд ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари фаъолу боибтикор шинохта шуд.
Иқдомҳои глобалии мо дар соҳаи об – эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда, аҳаммияти таърихӣ пайдо карданд.
Имрӯз пешниҳоди дигари мо дар соҳаи об ҷиҳати эълон кардани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об ба хотири рушди устувор» низ ҳамовозии ҷаҳонӣ пайдо намудааст ва заминаи иҷрои он дар ҳоли баррасист.
Тақозоҳои асри XXI моро бештар водор месозанд, ки сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон бо эҳтиёҷоти амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар иртиботи қавӣ дошта бошад ва ба хотири қонеъ гардонидани ниёзҳои зикршуда талошҳои муассир анҷом дода шаванд.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифта, рақобати геосиёсии абарқудратҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша зидди ҷангу нооромӣ ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошад.
Дар чунин шароити ҳассос риояи тавозун байни равандҳои ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишвар, ки бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошанд, аҳаммияти калидӣ пайдо менамояд.
Чунин дидгоҳу мавқеъ фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз нақш ва нуфузи онҳо дар тақсимоти геосиёсии нерӯҳо, таъмин намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши аксуламали муносибро ба таҳдиду мушкилоти замони муосир имконпазир мегардонад.
Ба ин хотир, ҳифзи минбаъдаи дастовардҳои даврони истиқлол, ба оламиён дурусту васеъ муаррифӣ кардани симои воқеии Тоҷикистон, тақвияти мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии сиёсати хориҷии мо боқӣ мемонанд.
Зимни татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо мо омодаем, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони анъанавиамон, ҳам дар шакли робитаҳои дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи сохторҳои бисёрҷониба, идома ва густариш диҳем.
Аз ин рӯ, имрӯз моро зарур аст, ки тибқи усули «дарҳои кушода», бо дарназардошти воқеиятҳои геосиёсии байналхалқӣ, сиёсати мутавозини хориҷии давлатамонро, ки моҳияти сулҳҷӯёнаву созанда дорад, босамар ва воқеъбинона вусъати тоза бахшем.
Ҳамватанони азиз!
Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик сурат гирифтанд.
Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем. Ҷашни биступанҷсолагӣ ҷамъбасти ҳамагӣ як пораи таърихи халқи куҳанбунёдамон мебошад.
Миллати сарбаланду бостонии тоҷик дар пеш боз роҳи дуру дароз дорад ва қодир аст, ки бо заҳмати фидокоронаи худ ба дастовардҳои аз ин ҳам бузург ноил гардад.
Итминони комил дорам, ки ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатӣ ба мардуми соҳибмаърифату заҳматкаши кишварамон нерӯи тоза бахшида, ба таҳкими дастовардҳои он, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишварамон, боз ҳам тақвият додани ваҳдати миллӣ ва аз имрӯза беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат менамояд.
Дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон мо бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем.
Бори дигар ҷашни мубораку хуҷастаи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, самимона табрик мегӯям.
Ба хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.
Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам!
Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!
Халқи бузургу қаҳрамони ман! Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон -Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем!
Миллати куҳанбунёд ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои тоҷик!
Рӯзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд.
Акнун, дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланд ба пеш!
Мардуми сарбаланду сарфарози ман! Роҳат ба сӯи ояндаи обод сафеду иқболат то абад нек бошад!
Ҷашни бузурги истиқлолият муборак бошад, ҳамватанони азиз!