Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 декабр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Сарвазири мамлакатро дар ин сафар Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ кард.
Нахуст Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварии гӯшти мурғи бролейрӣ, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд. Ба Сарвазири мамлакат маълумот дода шуд, ки истифодаи технологияи наву муосири парвариш ва коркарди гӯшти паранда, инчунин дастгирии ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат аз ҳадафҳои асосии ин лоиҳа мебошанд.
Зикр гардид, ки бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани фабрикаи мазкур иқтидори истеҳсолии он ба 5 ҳазору 140 тонна гӯшти паранда дар як сол расонида хоҳад шуд.
Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон» дар маросими ифтитоҳи бинои нави маркази хизматрасонӣ ширкат варзиданд. Маҷмааи мазкур аз меҳмонхона, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ иборат аст. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, саҳми соҳибкори маҳаллиро назаррас хонд.
«То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шумораи чунин марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми деҳотҷой афзун гардида, ба ин васила шароити зисти мардуми маҳал беҳтар ва ҷойҳои нави корӣ бештар хоҳанд шуд», — зикр намуд Қоҳир Расулзода.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи 3-юм ва 4-уми ҶСП «Ҷунтай — Данғара син силу Текстил» дар деҳаи Корези Ҷамоати деҳоти «Корез» Сарвазири мамлакат ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонидани он ба масъулони ширкат дастуру машварат дод.
Сипас Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор бо ҷараёни корҳои сохтмони як қатор иншоот шинос шуда, коргоҳи дӯзандагӣ ва корхонаи парандапарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ноҳияи Фархор дар доираи ҷашнҳои миллӣ сохтмони 333 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд.
Барои вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмон ва навсозӣ дар ноҳияи Фархор тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Ҳамчунин нимаи дуюми рӯз Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Восеъ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноти гуногун шинос шуд.
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмони 405 иншоот ба нақша гирифта шуда буд.
Аз шумораи умумии иншооти ба нақша гирифташуда то имрӯз 144 иншоот ба истифода дода, дар 167 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Тавре таъкид гардид, ҳамаи иншооти ба нақшагирифташуда бо назардошти хизматрасонии мусоир ва талаботи меъморию сохтмонӣ бунёд карда мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ Сарвазири мамлакат аз масъулин талаб намуд, ки баҳри боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ масъулияти дучанд эҳсос намуда, талош намоянд, ки иншооти ба нақшагирифташударо дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.
АМИТ «Ховар»