Барои вайрон кардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани духӯрагӣ ва такроршавии меъёрҳо ва татбиқи дурусти меъёрҳои Кодекси мазкур пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ барои «Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба уҳдааш риояи ин масъулият гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад», ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан барои ҳамин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Яъне барои як кирдор ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардидааст.

Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ва бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шахсе, ки ба зиммааш риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузошта шудааст, моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардидааст.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарори дахлдор қабул намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: