Дар Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад

30-31 октябр дар доираи ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2020 дар Душанбе  машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти ду давлат баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти ин кишвар Николай Патрушев  ба Душанбе ташриф меорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: