Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд аз тамошои ин барномаҳо баҳра баранд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 19 август соати 19:00 дар майдони «Кӯли ҷавонон» барномаи консертии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ, дар Боғи «Парчами давлатӣ» барномаи консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва дар «Боғи Ирам» барномаи ҳунарии Ансамбли «Базморо» манзури тамошобинон мегарданд.
Ҳамчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе, 20 август, соати 19:00 дар «Боғи Рӯдакӣ» аз барномаи консертии Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» ва дар «Кӯли ҷавонон» аз барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳра бурда метавонанд.
АМИТ "Ховар"