Барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистонро матраҳ менамояд

Имрӯз дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин самт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонанд.

Бо назардошти моҳияти ин масъала аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмаи умумии  СММ 9 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардидааст.

Ба саволҳои  муҳаррири  барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор муовини сардори раёсати якуми Сарраёсати муқовимат ба корупсияи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодком Турсунзода  посух медиҳад.

Барномаи “Гуфтугӯ” 9 декабр, соати 12:30 (аслӣ) ва 19:30, 22:30 (такроран) пахш мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: