Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои
Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи
тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта
мешавад:
«Ҷаноби Олӣ ,
Хабари мусибати сангину ҳузнангези мардуми дӯсти Куба
— вафоти пешвои он Фидел Кастро Рус боиси андӯҳи
бепоёни мо гардид.
Хотироти Фидел Кастро Рус ба ҳайси шахсияти бузурги
давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди
кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба
ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаҳду талошҳои
пайвастаи байналмилалии ӯ дар ҷодаи таҳкими сулҳу
субот ва ризоияти кулл боиси шинохти умум ва эътирофи
марҳум ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону
наздиконатон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Куба
таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз
менамоям”.

Tags: