Аз 20 то 30 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс миёни ҷавонону наврасон иштирок менамояд. Дар ин бора аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс шоми имрӯз ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионати мазкур 21 нафар варзишгарон, аз ҷумла 2 духтар намояндагӣ мекунанд:
Наврасон:
-46кг – Анушервон Фозилов
-50кг – Руслан Ғафуров
-52кг – Бузургмеҳр Иксанов
-54кг – Ҷаъфар Раҳмонов
-57кг – Шаҳбоз Додоҷонов
-60кг – Анушервон Ақназаров
-63кг – Муҳаммад Ҷаборов
-70кг – Юсуф Фозилов
-75кг – Нурланбек Эрматов
+80кг — Акмалҷон Абдувалиев
-46кг – Фариза Ёқубова
-54кг – Бибиҷон Музаффарова
Ҷавонон:
-48кг – Меъроҷ Зоидов
-51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода
-54кг – Искандарбек Рустамов
-57кг – Абубакр Муродов
-60кг – Абдураҳим Ёқубов
-63,5кг – Довуд Маҳкамов
-67кг – Сироҷиддин Ҳоҷибоев
-71кг – Диёр Султонов
-80кг – Дурандеш Зубайдов
Варзишгарони тоҷикро дар ин сафар сармураббӣ Носирҷон Азимов, мураббиён Муҳаммадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоҳирҷон Оғлуқов ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд. Муҳорибаҳо аз рӯи 48 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат мегиранд. Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, бори аввал аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он варзишгарони соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон иштирок мекунанд.
Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҷоизадорон миёни наврасон мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.
АМИТ «Ховар»