Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои тренерони сатҳи миллӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» аз 9 то 13 январи соли равон идома меёбад.
ҳамоиш дар асоси маводи таҳияшуда (Модули омӯзишӣ оид ба татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи иттилоотӣ) доир гардида, дар натиҷаи омӯзиш зиёда аз 30 нафар тренер барои омӯзонидани 250 нафар мутахассис ба ҳайси тренерони сатҳи миллӣ омода мешаванд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур мураккаб буда, аз панҷ қисм иборат аст. Қисмати якуми он такмили маҳорати касбии омӯзгорон, қисмати дуюми барнома арзёбии дониш, қисмати сеюм банақшагирии буҷет назорат ва татбиқи соҳаи маориф, қисмати чорум таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, ки дар ин ҷода ба панҷ фани таълимӣ диққат бояд дод (биология, химия, биография, технологияи иттилоотӣ, физика), қисмати панҷуми барнома ба роҳ мондани таҳқиқоти педагогӣ мебошад, яъне корҳои омодагӣ барои гузаронидани таҳқиқоти педагогӣ равона гардидаанд.
Асрор Алиев, мушовири Лоиҳаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» ҳадафи ҷамъомади мазкурро омода намудани тренерони сатҳи миллӣ, ки дар навбати худ онҳо дар минтақаҳо омӯзгоронро бо муносибати салоҳиятнок шинос намуда, барои татбиқи муносибати мазкур дар муассисаҳои таълимӣ тайёр менамоянд, арзёбӣ намуд.
«Дар семинари панҷрӯза мафҳуми салоҳият ва салоҳиятнокӣ дар соҳаи маориф, асосҳои назариявии методҳои таҳқиқотӣ оид ба ташаккули салоҳиятҳои асосии хонандагон, асосҳои назариявии арзёбии ташаккулдиҳанда, ки ба рушди салоҳиятҳои хонандагон мусоидат менамоянд, махсусияти пурсиши шифоҳӣ ҳамчун усули ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои асосии хонандагон, методологияи банақшагирии дарс дар асоси муносибати салоҳиятнокӣ ва амсоли инҳо мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд»,-иброз дошт Асрор Алиев.
АМИТ "Ховар"