Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст.

Имрӯз, 24 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш  буда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бориши борон пешгӯӣ шудааст. Ҳаво  шабона -5-3 дараҷа сард ва рӯзона +3+5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ шабона 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона +8+10 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ва шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар нимаи рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"