Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби музди меҳнати худ ба Фонди пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси COVID-19, барои табибоне, ки ба табобати сироятёфтагон машғул мебошанд, 375 ҳазору 524 сомонӣ гузарониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Бонки миллии Тоҷикистон бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳимияти фаъолияти пурсамари онҳо дар мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бемории коронавируси «COVID-19» 150 000 сомонӣ гузаронид»,-афзуд манбаъ.
Инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 44 ҳазору 880 сомонӣ маводи доруворӣ, антисептикӣ ва либосҳои махсуси ҳифозатии тиббӣ барои кормандони соҳаи тиб, ки ин шабу рӯз эҳтиёҷ ба он зиёд гардидааст, харидорӣ гардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супорида шуд.
Гуфта шуд, ки дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст ва кор дар ин самт бо маром идома ёфта истодааст.
Дар хабар омадааст, ки «дар муттаҳидӣ, бо риояи чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам ва баланд бардоштани масунияти бадан мо метавонем бар зидди ин бемории сироятӣ пирӯз гардем».
АМИТ «Ховар»