Бахшида ба «Рўзи ҷавонон»

Бахшида ба «Рўзи ҷавонон» ва бузургдошту истиқболи сазовор аз соли ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчун  рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба пешниҳод ва таваҷҷўҳу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавону созандаи мамлакат, 23 майи соли 2017 дар варзишгоҳи марказии бо фарогирии барномаи мукаммали фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.   

Дар назар дошта шудааст, ки тантанаҳои ҷумҳуриявии Рўзи ҷавонон мустақиман дар шабакаҳои телевизионӣ пахш гардида, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ҳамчунин  имкон доранд, барномаи рангини фарҳангию фароғатиро, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахти мамлакат доир мегардад, дар мавзеъҳои гуногуни  пойтахт тариқи мониторҳо тамошо намоянд.