Гармкунаки барқии ихтироъкардаи як сокини вилояти Суғд нисбат ба гармкунакҳои барқии хориҷӣ як баробар каммасраф буда, дар як соат ҳамагӣ 800 ватт неруи барқ сарф мекунад.
Дар ин бора аз Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавони 25 сол дошта, Анӯшервон Каримов, сокини шаҳри Бӯстон мебошад ва гармкунаки барқии кашфкардаи ӯ дар сурати 24 соат бо барқ пайваст будан 19 киловатт/соат ва бухории хориҷӣ 48 киловатт/соат неруи барқро сарф мекунанд.
АМИТ "Ховар"