Тибқи қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 феврали соли 2017 «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе» мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ рӯзи 23 март, соати 14-00 ва пойгаи аспдавонӣ рӯзи 24 март, соати 10-00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», волейбол дар байни бонувон дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» аз 21 то 24 март ва теннис дар байни наврасону духтарон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Тоҷварз» -и шаҳри Душанбе аз 21 то 24 марти соли 2017 баргузор карда мешаванд.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр карданд, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои мазкур ҷиҳати дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2017» аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси шаҳрдории Душанбе ворид гардидаанд, маблағи 155300 (яксаду панҷоҳу панҷ ҳазору сесад) сомонӣ ҷудо гардидааст.
Манбаъ:АМИТ "Ховар"