Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира гардид

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира намуданд. Дар ин бора аз Агентии назорати  маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

7 марти соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор дастгир гардид.  Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба мавсуф тааллуқ дошт, 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки маводи мусодирашуда навъи нашъаовари ҳашиш буда, вазни холиси он 47 кг 305 граммро ташкил дод.

Зимни тафтиш муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- шахси ба тафтиш номаълум бо номи Файз ва тахаллуси «Муаллим» миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба даст овардааст.

Амали ношоистаи Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович аз чашми кормандони Агентӣ дур намонда, ӯ бо ҷурми қочоқ ва муомилоти маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дастгир карда шуд. Дар айни ҳол нисбат ба дастгиршуда  бо моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Вобаста ба ин нисбат ба шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Дашт ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Андароб бо сабаби огоҳӣ доштан аз кирдори шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд оид ба хариду фурӯши маводи нашъадор ва хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 347 қисми 1, яъне хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Нафарони зикршуда ба ҳабс гирифта шуда, корҳои  тафтишотии пешакӣ идома доранд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: